Замони баргузории бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Сентябрь 28, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 2-3 октябр  дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор  мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш  бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,  КМВА-и шаҳри Душанбе бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  ва  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ    байни  ҳам  рақобат карданд.

Ин навбат дастаи  футболи «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ дар сафар бар дастаи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз    тарки Лигаи олӣ  раҳоӣ ёфт. Голи ягонаи бозиро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-ум  ба нишон  расонид. Дастаи футболи  «Файзканд»- и ноҳияи  Восеъ, ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.

КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.

Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ бар дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби  4:2  пирӯз шуд. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози дастаи «Кӯктош» Нодирбек Иброҳимов нохост тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров ба нишон расониданд. Голҳои  дастаи футболи   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Насимҷон Муҳаммадиев ба ҳадаф расонид.

Дар бозии марказии давр  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар сафар бар дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан   бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 ба нишон расонид.

Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  «Хатлон»  бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари  дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони дастаи футболи   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.

Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                              Б      Ғ      М     Б      Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  20  16  3  1  57-7  51
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  20  13  2  5  43-21  41
 3  КМВА (Душанбе)  21  9  6  6  30-25  33
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  21  8  5  8  23-22  29
 5  «Хатлон» (Бохтар)  21  8  5  8  23-26  29
 6  «Эсхата»  (Хуҷанд)  21  8  3  10  29-35  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  21  5  8  8  20-26  23
 8  «Файзканд» (Восеъ)  21  5  5  11  14-26  20
 9  «Душанбе»  (Душанбе)  21  4  6  11  21-48  18
 10  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  21  4  5  12  26-50  17

                                             

                                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд