«ЗИНДА БОД АҲМАД МАСЪУД!». Дар Афғонистон бар зидди толибон эътирозҳои оммавӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ Ховар»/. Шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон ҳамоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи маҳаллии «Герат таймс».
Сокинони шаҳрҳо ҳамин тавр ба ҷабҳаи муқовимат, ки ба ҳаракати радикалии “Толибон” итоат намекунад, изҳори ҳамбастагӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки афғонҳо дар Кобул даъвати роҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъудро барои муқовимат бо толибон, инчунин зидди сиёсати мақомоти Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунад, дастгирӣ карданд. Илова бар ин, эътирозҳои мардумӣ дар музофоти марказии Дайкундӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот дар шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон баргузор шуданд.
Бино ба иттилои як расонаи дигари афғонӣ- “Афғонистон таймс”, раопаймоии оммавӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар- Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли кишвар баргузор шуд. Эътирозкунандагон алайҳи толибон ва Покистон шиорҳо бардошта, бо овози баланд «Зинда бод Аҳмад Масъуд!» нидо карданд. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми ҳодисаҳои эътирозӣ ягон воқеа рух надодааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки собиқ сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил эътирозгаронро ҷонибдорӣ намуд.
«Покистон душмани Афғонистон буд ва боқӣ мемонад. Шӯриш алайҳи мақомоти Покистон вазифаи миллӣ ва масъулияти ҳар шаҳрванди Афғонистон аст», — навиштааст Набил дар саҳифаи “Твиттер”-и худ.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл намояндаи толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфта буд, ки Панҷшер комилан таҳти назорати толибон аст, аммо Масъуди хурдӣ эълом дошт, ки муқовимат бо радикалҳо идома дорад ва ҳамаи сокинони Афғонистонро ба шӯриши миллӣ даъват мекунад. Аммо намояндаи ҷабҳаи мардумӣ Алӣ Майсам Назарӣ гуфт, ки ҳоло муқовимат ба тактикаи ҷанги партизанӣ мегузарад.
_________________________________
*Ҳаракати «Толибон» созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо
АКС: аз манбаъҳои боз








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






