«ЗИНДА БОД АҲМАД МАСЪУД!». Дар Афғонистон бар зидди толибон эътирозҳои оммавӣ доир шуданд

Сентябрь 7, 2021 12:54

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ  Ховар»/. Шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон ҳамоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи  маҳаллии «Герат таймс».

Сокинони шаҳрҳо ҳамин тавр ба ҷабҳаи муқовимат, ки ба ҳаракати радикалии “Толибон” итоат намекунад, изҳори ҳамбастагӣ карданд. Хабар дода мешавад, ки афғонҳо дар Кобул даъвати роҳбари ҷабҳаи муқовимат Аҳмад Масъудро барои муқовимат бо толибон, инчунин зидди сиёсати мақомоти Покистон, ки бо радикалҳо ҳамкорӣ мекунад, дастгирӣ карданд. Илова бар ин, эътирозҳои мардумӣ дар музофоти марказии Дайкундӣ, инчунин дар шаҳрҳои Ғазнӣ ва Ҳирот дар шарқ ва шимолу ғарби Афғонистон баргузор шуданд.

Бино ба иттилои як расонаи дигари афғонӣ- “Афғонистон таймс”, раопаймоии оммавӣ дар чаҳорумин шаҳри бузурги ин кишвар- Мазори Шариф, воқеъ дар шимоли кишвар баргузор шуд. Эътирозкунандагон алайҳи толибон ва Покистон шиорҳо бардошта, бо овози баланд «Зинда бод Аҳмад Масъуд!» нидо карданд. Хабар дода мешавад, ки ҳангоми ҳодисаҳои эътирозӣ ягон воқеа рух надодааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки собиқ сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набил эътирозгаронро ҷонибдорӣ намуд.

«Покистон душмани Афғонистон буд ва боқӣ мемонад. Шӯриш алайҳи мақомоти Покистон вазифаи миллӣ ва масъулияти ҳар шаҳрванди Афғонистон аст», — навиштааст Набил дар саҳифаи “Твиттер”-и  худ.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл намояндаи толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфта буд, ки Панҷшер комилан таҳти назорати толибон аст, аммо Масъуди хурдӣ эълом дошт, ки муқовимат бо радикалҳо идома дорад ва ҳамаи сокинони Афғонистонро ба шӯриши миллӣ даъват мекунад.  Аммо намояндаи ҷабҳаи мардумӣ Алӣ Майсам Назарӣ гуфт, ки ҳоло муқовимат ба тактикаи ҷанги партизанӣ мегузарад.

_________________________________

*Ҳаракати «Толибон» созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

  АКС: аз манбаъҳои боз

Сентябрь 7, 2021 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд