Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс пирӯз шуд

Октябрь 29, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад. Дирӯз варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар даври дуюм ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуда, ба даври сеюм баромад. 31 октябр ӯ дар даври сеюм бо Наренда аз Ҳиндустон муҳориба мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуда, то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд. 28 октябр се варзишгари тоҷик ба ринг баромаданд — дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов ба муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов ба муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов ба муқобили Элли Очола (Кения). Аз миёни онҳо танҳо Ҷаҳон Қурбонов тавонист, ки ба даври дуюм барояд.

Имрӯз, 29 октябр шоҳиди маҳорати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) мешавем.

30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Русия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд