Аҳтам Абдуллозода ва Томас Бах масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди ҳаракати олимпиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ бо роҳбарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва кумитаҳои миллии олимпии (КМО) якчанд давлатҳо дар ҳошияи Ассамблеяи генералии XXV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар ҷазираи Крити Юнон масъалаи рушди ҳамкории байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, 23 октябр мулоқоти муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, президенти Кумитаи олимпии Ҷопон Ясуҳиро Ямашита, намояндагони Комиссияи Ҳамбастагии олимпии КБО Памелла Випонд ва Эдвард Кегсингтон баргузор шуд.
Зимни суҳбат бо президенти КБО Томас Бах масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ баррасӣ шуданд. Аҳтам Абдуллозода ба Томас Бах ҷиҳати дар шароити бисёр мушкил дар сатҳи баланд баргузор кардани Бозиҳои олимпии Токио изҳори миннатдорӣ кард.
Дар мулоқот бо президенти Кумитаи олимпии Ҷопон, президенти Федератсияи ҷудои Ҷопон Ясуҳиро Ямашита Бозиҳои олимпии Токио-2020 натиҷагирӣ, ҳамкории дуҷониба ва амалигардонии чорабиниҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон, ки соли 2018 ба имзо расидааст, муҳокима шуд. Аҳтам Абдуллозода Ясуҳиро Ямашитаро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани бозиҳо табрик гуфта, ба ӯ аз дастгирӣ кардани варзишгарони тоҷик дар давраи пеш аз Бозиҳои олимпӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Зикр гардид, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум баҳри омодагии ҷиддӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 бояд миёни тарафҳо чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шаванд. Ясуҳиро Ямашита дархост кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон таклифҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ кардани чорабиниҳо дар доираи Ёддошти тафоҳуми пешбинишуда манзур гарданд. Аз ҷумла, машқҳои дастҷамъона, кумакҳои техникӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ, махсусан дар намуди ҷудо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо варзишро омили муҳими мустаҳкам кардани робитаҳо дониста, омодагии ҷиддиро баҳри тақвияти ҳамкорӣ иброз намуданд.
Дар мулоқот бо намояндагони Комиссияи Ҳамбастагии олимпӣ Памелла Випонд ва Эдвард Кегсингтон масъалаҳои дастгирӣ ёфтани лоиҳаи махсуси КМО Тоҷикистон ҷиҳати таъмири толори варзишӣ ва номзадҳо ба дарёфти дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки Ҳамбастагии олимпӣ рӯйхати 17 варзишгарро дар доираи Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024, ки Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон пешниҳод намуд, дарёфт кардааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи тақвияти ҳамкории Кумитаи олимпии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 нисбат ба давраи гузаштаи олимпӣ 25 фоиз зиёд гардида, дар умум 240 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз моҳи январи соли 2022 то моҳи августи соли 2024, ҳар моҳ дар ҳаҷми 7500 доллари ИМА ба варзишгарон ҷудо мегардад. Он барои тамрин, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва интихобии олимпӣ пешбинӣ гардидааст.
Кумитаи иҷроияи КМОТ 19 октябр рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Париж-2024-ро муҳокима кард ва тибқи талаботи барнома, бо дарназардошти баробарии гендерӣ 17 нафарро интихоб ва барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯйхати варзишгарони Тоҷикистон ҳарчи зудтар баррасӣ ва тасдиқ карда шавад.
Зимни мулоқот бо намояндагони КБО дар доираи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ барномаҳои батаъхирафтодаи КМО Тоҷикистон муҳокима ва татбиқ намудани онҳо дар Тоҷикистон ҳал гардид.
Дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои олимпии дигар давлатҳо низ рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Аксҳо аз бойгонии КМО Тоҷикистон








Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






