Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои пешбурди фаъолият дар ИМА расман сабти ном шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ИМА Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММ) расман сабти ном шуд. Дар Вашингтон дафтари байналмилалии ҶММ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали иттилоотии амрикоии Axios.
«Ҷабҳаи муқовимати миллӣ (ҶММ), ки ба ҳаракати радикалии Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, муқовимат мекунад, намояндагии худро дар ИМА ҳамчун дафтари хориҷӣ сабти ном кард, ки ба фаъолияти лоббигӣ машғул шуда, сиёсатмадорони амрикоиро барои пуштибонӣ аз мухолифони афғон мутақоид месозад», — менависад портали амрикоӣ бо истинод ба санади бақайдгирии дахлдор.
Дар матни санад омадааст, ки намояндагӣ «тавассути тамосҳои фаъол бо Конгресс, маъмурият ва мардуми Амрико аз ҷонибдорӣ ба озодӣ ва демократия дар Афғонистон ҳимоят мекунад». Дар санад гуфта мешавад, ки ҷунбиши муқовимат дар Афғонистон мехоҳад «муҳофизи сармоягузориҳои Амрико дар Афғонистон дар 20 соли ахир ва неруе бошад, ки ин кишварро аз таҳаммулнопазирӣ ва терроризм пок созад».
«Дафтари байналмилалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои ифтитоҳи расмӣ дар Амрико иҷозат гирифт ва ба зудӣ фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод», — навиштааст сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Алӣ Майсам Назарӣ дар Твиттераш.
АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки қаблан сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм ва узви Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА аз ҳамон ҳизб Майк Волтс аз Президенти ИМА Ҷо Байден даъват карданд, ки роҳбари ҶММ Аҳмад Масъуд ва собиқ муовини президент Амрулло Солеҳро ба ҳайси намояндагони ҳукумати қонунии Афғонистон эътироф намояд. Зикр гардид, ки маъмурияти Байден ҳеҷ далеле нишон надодааст, ки нияти ин корро кардан дорад. Бино ба «Axios», бақайдгирии намояндагии ҷабҳа дар ИМА шаҳодат медиҳад, ки мухолифини афғон кӯшиш доранд аз сӯи ҳукуматдорони калидии Вашингтон дастгирӣ ёбанд. Тавре ин портали амрикоӣ менависад, кумаки ИМА «барои ҳама гуна муқовимати низомии боқимонда» ба толибон дар Афғонистон муҳим аст.
Тавре аллакай «Afghanistan.ru» хабар дод, ҳафтаи гузашта дар шабакаи интернет паёми видеоии роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд пайдо шуд. Масъуд эълон намуд, ки ҶММ акнун дар вилояти Парвон ҷанги партизанӣ хоҳад кард. Илова бар ин, ҶММ аз ҳузури тарафдоронаш дар вилоятҳои Каписо, Балх, Бағлон ва Бадахшон хабар дод.
_________________________________
*Толибон – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






