«ҶАШН ДОРАД ИН ЗАМОН ДАР МАМЛАКАТ ОМӮЗГОР…». Дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 3.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад, ки имсол он ба 3 октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукӯҳ таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати ӯ дар ҷомеа таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».
Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид намуд, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд ва бо ин дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад.
Дар робита ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки «имсол Рӯзи омӯзгор дар замоне таҷлил мешавад, ки мардуми тоҷик зери таассуроти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзгорон марҳилаи нав ворид гашта, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ намуданд, ки ба ин васила, дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад».
Мавсуф изҳор намуд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти омӯзгорон якчанд қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот қабул гардидаанд. Инчунин барои пешрафти фаъолияти онҳо бунёду таъмири муассисаҳои таълимии замонавӣ ба роҳ монда шудааст.
«Яке аз ташаббусҳои ҳукумати мамлакат- ин зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, қадршиносии онҳо бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ мебошад», иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бахшида ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо омӯзгори фаъол, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Убайдулло ОДИНАЕВ ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Муаллими азиз, сараввал Шумо ва дар симои Шумо омӯзгорони заҳматкашро бо иди касбӣ- Рӯзи омӯзгор табрик мегӯем. Ба Шумо дар кори тарбияи насли наврас, талқини худшиносию ватандӯстӣ ва дар дили онҳо бедор намудани эҳсоси баланди миллатдӯстию ифтихор аз тоҷик будан бароятон комёбиҳо таманно дорем. Баъдан, нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар баробари ин дар ниҳоди шогирдон ҷой додани тафаккури баланди илму адабомӯзӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Убайдулло Одинаев: Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ба воя мерасонад. Дарвоқеъ, касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин аст. Рисолати омӯзгор тарбияи инсони комил мебошад. Аз ин рӯ, дар ниҳоди шогирд тарбия намудани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, аз қабили ватану миллатдӯстӣ, доштани эҳсоси баланди ифтихор аз таъриху гузаштаи пурғановати хеш кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор, устод ва мураббӣ мебошад, зеро «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан» гуфтааст шоир.
Камолиддини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
АМИТ «Ховар»: Андешаи шумо вобаста ба гуфтори бузургон — «Ҳаққи устод аз падар беш аст…» чӣ гуна аст?
Убайдулло Одинаев: Албатта, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки якҷо бо падару модарон ба сифати таълиму тарбия диққати бештар диҳанд ва ҳамаи донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки шогирдони онҳо ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа, донишманду соҳибмаърифат ва босаводу тарбиядида ба камол расанд. Устодону омӯзгорон маҳорату малакаи касбии худро такмил дода, бо истифода аз усулҳои нави таълим рисолати аслии хеш, яъне таълиму тарбияи насли ҷавонро пурсамар, босифат ва ба таври шоиста иҷро хоҳанд кард.
Агар кӯдак аз хурдсолӣ то ба балоғат расидан дар оила ва мактаб тарбияи дуруст гирад, он гоҳ чун шахси инсондӯст, ватанпарвар бофарҳангу бомаданият ба воя мерасад. Маҳз ҳамаи ин нозукиҳоро ба инобат гирифта, дар мамлакатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Мақсад аз қабули ин қонуни муҳим- пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба воя расонидани онҳо мебошад. Волидон бояд на танҳо талаботи моддии фарзандонашонро қонеъ гардонанд, балки муҳимтар аз он, ба таълиму тарбияи дурусти онҳо аҳамият диҳанд. Тавре шоир фармудааст:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ…
АМИТ «Ховар»: Барои дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаи шумо чӣ гуна чорабиниҳо роҳандозӣ гардида истодаанд?
Убайдулло Одинаев: Хушбахтона, дар солҳои 2020-2021 аз ҷониби муассисаи мо дар ин самт якчанд чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд, ки аз ҷумлаи он семинарҳои омӯзишӣ мебошад. Дар он ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе омӯзгорони ботаҷриба вобаста ба илмҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ бо хонандагон суҳбат мекунанд, нозукиҳои илмҳои дақиқро ба хонандагон мефаҳмонанд. Бояд гуфт, ки баргузории ин гуна машваратҳо ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас мусоидат мекунад. Ҳамчунин дар ин самт ба таври озмун миёни омӯзгорон мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар он ҳар як иттиҳодия тавонист маҳорату малакаи худро нишон дода, соҳиби ҷоизаву ифтихорнома гардад. Яке аз дастовардҳои муассисаи мо дар ин самт -ин ба даст овардани медали тилло аз фанни технологияи иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва гирифтани ҷои сеюм аз фанни биология дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо ҳамчун омӯзгор чӣ бояд кард, то насли наврас пайваста ба китобхонӣ машғул бошад?
Убайдулло Одинаев: Дар муассисаҳои таълимӣ дар баробари фанҳои дарсӣ инчунин рӯйхати китобҳои хониши беруназсинфиро барои синну соли муайяни хонанда омода намудан зарур аст. Масалан, барои синни хурди мактабӣ, миёнаи мактабӣ ва болоии мактабӣ. Албатта, дар муассисаи мо ҳамаи ин ба инобат гирифта шуда, баҳри ҳавасмандгардонии толибилмон маҳфилҳои адабӣ ташкил гардида, пайваста вохӯрию суҳбатҳои нависандагону адибон бо хонандагон доир мегарданд. Инчунин дар нақша дорем, ки ба ин гуна вохӯриҳо ҳунармандони кино ва театрро, ки нақши қаҳрамонони асарҳои бадеиро хуб бозидаанду машҳуранд, даъват кунем, то ба ин восита завқи наврасон ба китобу китобхонӣ зиёд шавад.
P.S. Воқеан, омӯзгорӣ пешаи душвору заҳматталаб, вале пурифтихору сутуданист. Омӯзгор дар ҷомеа мақому мартабаи баланд дошта, аз эҳтироми ҳамагон бархурдор аст. Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғаноатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Тавре шоир мефармояд:
Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»