Ба Тоҷикистон 500 000 воя ваксинаи «CoronaVac» ва 302 000 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид карда мешавад

Октябрь 7, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» (Чин) ва 302 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» (Аврупо) ворид карда мешавад, иттилоъ дод сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба зикри мавсуф, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ омода буда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ваксинаҳо ворид карда шаванд.

«Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат ба гузаронидани ваксина зиёд шуда истодааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва наҷот аз ин сироят- ваксинакунонӣ мебошад. Имрӯз шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо ваксинаҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech» -и ИМА ва ваксинаи русии «Спутник V» ваксина зананд»,- афзуд Наврӯз Ҷафаров.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз  4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

АКС аз АМИТ “Ховар”

Октябрь 7, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон