Бар асари таркиш дар мактаби динӣ дар Афғонистон 7 нафар ба ҳалокат расиданд

Октябрь 7, 2021 15:14

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни таркиш дар як мактаби динӣ дар вилояти Хуст дар шарқи Афғонистон ба ҳафт нафар расида,  беш аз 15 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора ба «РИА Новости» як манбаъ дар мақомоти амниятӣ хабар додааст. 

Қаблан дар бораи як кушта ва 17 захмӣ хабар дода шуда буд.

Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққатии Афғонистон, дар мактаби динӣ норинҷаки дастӣ таркидааст.

 Чанд рӯз қабл дар наздикии масҷиди Идгоҳи Кобул таркиш ба амал омад. Як манбаъ аз ҳаракати “Толибон” * ба “РИА Новости” гуфтааст, ки дар натиҷаи инфиҷор 12 нафар кушта ва 32 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои дохилии ҳукумати муваққатии Афғонистон, се нафар пас аз ин ҳодиса боздошт шудаанд. Гурӯҳи террористии ДИ * масъулияти таркишро бар дӯш гирифт.

 __________________________

 * Гурӯҳе, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

Октябрь 7, 2021 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд