Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бозиҳои варзишии оянда баррасӣ шуданд

Октябрь 20, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроия бозиҳои варзишии ояндаро муҳокима намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, директори генералии КМОТ Эркин Латипов дар бораи Бозиҳои олимпии Париж-2024 гузориш дод. Зикр гардид, ки 33-юмин Бозиҳои олимпиада аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш ворид гардидааст. Намуди варзиши брекданс бори аввал ба барномаи Олимпиада ворид карда шуда, намудҳои бейсбол ва каратэ, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 ворид буданд, хориҷ карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ варзишгарон бояд роҳхат ба даст оваранд. Марҳилаи интихобӣ ба бозиҳо моҳи июни соли 2022 оғоз гардида, то моҳи июни соли 2024 идома меёбад.

Як вижагии Бозиҳои олимпии Париж-2024 он аст, ки ташкилкунандагон иштироки баробари мардону занонро (50%) пешбинӣ намудаанд. Ҳамчунин дар таҳияи барномаи бозиҳо ба варзишгарони ҷавон таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

Дар идома зикр гардид, ки бояд дар назди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи варзиш гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон стратегия ё барномаи мукаммали омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ таҳия гардад. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки ҳар  федератсияи варзишӣ нақшаҳои кории алоҳида дар робита ба Олимпиадаи Париж омода намояд.

Доир ба 19-умин Бозиҳои Осиё мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМОТ Мавзуна Чориева маълумот дод. Зикр шуд, ки 19-умин Бозиҳои Осиё 10-25 сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин аз рӯи 40 намуди варзиш доир мегардад. КМОТ метавонад аз рӯи 28 намуд варзишгаронро сафарбар намояд.

Тавсия дода шуд, ки чун иштирок дар Бозиҳои Осиё интихобӣ нест, федератсияҳоро бояд то моҳи майи соли 2022 мусобиқаҳои интихобӣ ё чемпионатҳои ҷумҳуриро баргузор ва беҳтарин варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои Осиё пешниҳод намоянд.

Шӯрои олимпии Осиё тавсия додааст, ки кумитаҳои миллии олимпӣ дар ҳайатҳояшон баробарии гендериро ба инобат гиранд ва шумораи бештари бонувонро сафарбар намоянд.

Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунад ва варзишгарони мо то имрӯз 27 медал – 4 тилло, 6 нуқра, 17 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар ҷаласа инчунин оид ба 6-умин Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ гузориш пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки ин бозиҳо 10-20 марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд ба нақша гирифта шудаанд. Ба барномаи бозиҳо 29 намуди варзиш ва ду намуди намоишӣ ворид гардидаанд.

Дар ин бозиҳо низ варзишгарони мо ширкат карда, 56 медал – 4 тилло, 17 нуқра, 35 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома аъзои Кумитаи иҷроия рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Париж-2024-ро муҳокима карданд.

Котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо зикр кард, ки тибқи талаботи барнома, шумораи мардҳо ва бонувон бояд баробар бошад. Ҳамин тариқ, дар асоси пешниҳоди федератсияҳо ва дастовардҳои варзишгарон дар солҳои охир 17 нафар интихоб ва барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод шуд. Дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Ҳамбастагии олимпӣ варзишгарон муддати 32 моҳ – аз январи соли 2022 то августи соли 2024 аз кумаки молиявӣ барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ баҳравар мешаванд.

Доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Октябрь 20, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. То имрӯз беш аз 10 000 чиптаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» фурӯхта шудааст
ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ менамоянд
Тоҷикистонро дар Гранд Слами Токио оид ба ҷудо 10 варзишгар муаррифӣ менамоянд