Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2021. /АМИТ «Ховар/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе дар толори Кохи “Суруш” – и пойтахт ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандону собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахро ба муносибати Иди касбиашон табрик намуд.
Мавсуф, аз ҷумла зикр намуд, ки “Давлату ҳукумати мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро ҳамеша аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, барои татбиқи амалии он ва таъмин намудани шароити ҳарчи беҳтар барои омӯзгорон ва наслҳои наврас ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад”.
Дар тарбияи насли оянда ва ба воя расонидани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор бениҳоят бузург мебошад.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ ба омӯзиши илму дониш ва арҷгузориву эҳтироми устоду омӯзгор аз куҳан мавқеи хоса дошта, нақши омӯзгор дар радифи намояндагони дигар касбу пешаҳо барои то ба имрӯзу ин сатҳ расидани миллати тоҷик басо бузург буда, ояндаи неки ҷомеа ба пешравӣ ва рушду такомули соҳаи маориф пайванди ногусастание дорад. Зеро рушди фарҳангу маънавиёт ва тарбия намудани ворисони ҳақиқии давлату миллат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва заҳмати содиқонаи устоду омӯзгор вобаста мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ аз ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид гардида, қайд карда шуд, ки дар давраи солҳои 2017-2021 29 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 22866 ҷои нишаст дар як баст ва 11 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 2270 кӯдак бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 752 млн. 561 800 сомониро ташкил медиҳад.
Дар рафти чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба «Рӯзи омӯзгорон» мутобиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2021, таҳти №573 “Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” 79 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҳар кадом ҳавасманд карда шуданд.
Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ низ ба таври шоиста ёдовар гардида, ба соҳибкороне, ки дар ин самт аз худ фаъолнокӣ нишон доданд, туҳфаҳои ёдоварии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.Ҳамчунин ба зиёда аз 40 нафар собиқадорони соҳаи маорифи пойтахт, ки дар рушду пешрафти маорифи пойтахт, аз ҷумла бунёди муассисаҳои типи нав, ҷорӣ кардани навгониҳо, таҳияи барномаҳои таълимӣ, таълиму тадриси насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, омода намудани кадрҳои болаёқат ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ нақша назаррас доранд, армуғонҳои идона тақдим гардида, меҳнати содиқона ва софдилонаи онҳо дар рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе қайд карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мунтазам ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва нақши онҳо дар рушди нерӯи инсонӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар баробари ин, аз устодону омӯзгорон масъулиятро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба шогирдон амиқ омӯхтани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва малакаи кор бо техника ва технологияҳои муосир ва умуман, тарбияи шахсиятҳои ҳамаҷониба пешрафтаро тақозо менамояд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 11080 нафар омӯзгорону устодон ба таълиму тарбияи 268 ҳазору 55 нафар хонандагон машғул мебошанд.








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






