Дар Душанбе масоили соҳибкасб кардани аҳолӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи Шӯро мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки масоили соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои муттасил амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Маҳз тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ садҳо иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин ниёзро ба ташкили ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ афзун намуд.
Ин ҳолат, бешубҳа, ба паст гаштани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд.
АКСҲО: ФИКМТ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд






