Дар Душанбе масоили соҳибкасб кардани аҳолӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд

Октябрь 28, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Шӯро мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ  Саидов, муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки масоили соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз авлавияти сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои муттасил амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии кишвар саҳми назаррас мегузорад.

Маҳз тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ садҳо иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин ниёзро ба ташкили ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ афзун намуд.

Ин ҳолат, бешубҳа, ба паст гаштани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд.

 АКСҲО: ФИКМТ

Октябрь 28, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад