Дар Душанбе нисбат ба собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли равон нисбат ба Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд «А» барои ба манфиати охирин ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири мошинҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, инчунин дар якчанд ҳолат аз як гурӯҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудан дар маҷмуъ 64500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Ў ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст.
АКС аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






