Дар Душанбе нисбат ба собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид

Октябрь 12, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.   11 октябри соли равон  нисбат ба Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавсуф собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд «А» барои ба манфиати охирин ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири мошинҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, инчунин дар якчанд ҳолат аз як гурӯҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудан дар маҷмуъ 64500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Ў ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст.

АКС аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Октябрь 12, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад