Дар Душанбе «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷагирӣ карда шуд

Октябрь 28, 2021 11:28

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27  октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Натиҷаи мониторинги маҷмӯии ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи барномаи нави зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни конфронси ҷумҳуриявӣ иброз дошт, ки “аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, он кас бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд. Ҳамоиши мазкур яке аз чорабиниҳои тақвиятбахшандаи фаъолияти кулли соҳаҳо дар самти муқовимат бар коррупсия маҳсуб шуда, бори дигар аз сиёсати оштинопазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин падидаи номатлуб шаҳодат медиҳад”.

Зикр гардид, ки «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ шуда буд, дар самти сиёсати миллии зиддикоррупсионӣ, криминализатсияи коррупсия ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни амалигардонии он санади муҳим арзёбӣ мегардид.

Маҷмӯи чораҳои назоратӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, ахборӣ ва арзёбии тадбирҳо, ки давра ба давра дар ҷараёни амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи мазкур гузаронида шуданд, нишон дод, ки ин санади барномавӣ ба амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва бартараф намудани он равона карда шудааст, бевосита мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба натиҷаҳои чашмдошт муваффақ гардид.

Ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 Барномаи нави зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» тасдиқ карда шуд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода изҳор дошт, ки маҷмӯи чорабиниҳое, ки бо мақсади татбиқи Стратегия гузаронида мешавад, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин санади барномавӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар кишвар ва бартараф намудани он равона карда шудааст, бевосита мусоидат менамояд. Дар сурати амалисозии воқеии чорабиниҳои дар он пешбинишуда дар маҷмӯъ ба натиҷаҳои ҷашмдошт муваффақ шуда метавонем.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои Стратегияи мазкур тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти самаранок анҷом диҳанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2021 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд