Дар гарнизони Хатлон машқҳои муштараки СААД ҷараён доранд

Октябрь 19, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз 18 то 23 октябр дар машқгоҳҳои низомии «Ҳарбмайдон» ва «Ҳомиён»-и ҳудуди гарнизони Хатлон таҳти унвони «Ҷустуҷӯ», «Эшелон» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» машқҳои муштараки махсуси васеи ҳарбӣ баргузор мегарданд, ки дар он чор ҳазор нафар низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ширкат менамоянд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, баҳри иштирок дар размоиши муштараки васеи ҳарбӣ теъдоди муайяни ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия тавассути марзҳои заминиву фазоии кишвар ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҷангӣ аз 14 то 16 октябр вориди Тоҷикистон шуданд.

Машқҳои муштараки махсуси васеи низомии кишварҳои узви СААД таҳти унвони «Ҷустуҷӯ», «Эшелон» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» дар чанд марҳила ташкилу ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни неруҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо якчанд унсурҳои зиддитеррористиро амалан коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Дар ин радиф ҳайати низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД баъди вориди Тоҷикистон шудан аллакай бо густурдани хаймаҳои зист ва ташкили дигар шароити зарурии хизмативу маишӣ дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» қароргоҳи муваққатӣ бунёд намуда, онро ба майдони шартии ҷанг табдил додаанд.

Баъд аз буду бош ҳайати неруҳои мусаллаҳи таъйиншуда дар майдони машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» саф ороста, чун анъана бо садои сурудҳои миллӣ ва дар як вақт бо бардоштани парчамҳои давлатӣ ба размоиши муштараки васеи низомӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳои муштараки низомӣ намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД дар назди иштироккунандагони ин размоиши васеи ҳарбӣ сухан гуфта, доир ба ҳадафи баргузории унсурҳои зиддитеррористӣ ва матлабу марҳилаҳои барои он пешбинигардида изҳори андеша карданд.

Баъд аз анҷоми бахши расмӣ ва  оғози машқҳои муштараки васеи махсуси ҳарбӣ дар майдони сафороии машқгоҳи «Ҳарбмайдон» гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД доир гардид.

Дар баробари ҷалби чор ҳазор нафар ҳайати шахсӣ, инчунин дар ин машқҳои махсуси васеи низомӣ чархболҳои МИ-8, МИ-24, ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда, муҳорибавию зарбазан ва бомбаандозу қиркунанда, 50 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё  воситаҳои гуногуни артиллерӣ, миқдори зиёди техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ дар он истифода мешаванд.

Айни ҳол ҳайати таъйиншудаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД аз рӯйи мавзӯъ ва матлаби ба машқҳои васеи низомӣ пешбинигардида, ба даври ниҳоии ин размоиши васеи низомӣ омодагии ҳамаҷониба мегирад.

Дар баробари баргузории машқҳои муштараки васеи низомии кишварҳои узви СААД, инчунин дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳомиён»-и ҳудуди шаҳри Кӯлоб низ дар як вақт тамринҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия идома доранд.

Даври ниҳоии машқҳои муштараки «Ҷустучӯ», «Эшелон» ва «Ҳамоҳангӣ-2021» 23 октябр дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» ба нақша гирифта шуда, размоиши дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия 22 октябр дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳомиён» ҷамъбасту натиҷагирӣ  мешавад.

 

АКСҲО аз сомонаи Вазорати мудофиа

Октябрь 19, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид