Дар конфронси миллӣ иқтидори сайёҳии минтақаи Рашт муаррифӣ гардид

Октябрь 5, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар водии Рашт, ки дорои захираҳои бойи сайёҳист,  зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсеа ёфтааст, Далели ин бунёди даҳҳо меҳмонхонаҳо, хостелҳо ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ мебошад, ки ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии сокинони ин минтақаи кӯҳистон мусоидат менамояд. Ин  нукта дар конфронси миллии сайёҳӣ, ки  дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт доир гардид, зикр шуд.

Хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронс бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар  конфронси миллии сайёҳӣ, ки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Бадахшон,  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва расонаҳои хабарӣ иштирок доштанд, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродзода  доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ  ва зарфияти  сайёҳӣ дар минтақаи  Рашт сухан гуфтанд.

Иштирокдорони конфронс масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар водии Рашт, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ,  омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,  имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳиро матраҳ  намуданд.


Зикр шуд, ки водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо обҳои зулолу мусаффао, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳсорони пур аз ганҷ ва мардуми меҳмоннавозаш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, миёни ҷаҳонгардон маҳбубияти хосса пайдо намудааст ва ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои зебоманзар  беш аз пеш меафзояд.

Инчунин дар ноҳияи Лахш, ки яке аз мавзеъҳои мусоид барои рушди сайёҳии  кӯҳнавардист,  аз соли 2010 экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ гузаронда мешаванд. Аз ноҳия ба сӯи ин қулла роҳи махсус аст, ки кӯҳнавардонро ба майдончаи «Москвина» раҳнамун месозад. Таъкид гардид, ки табиати ноҳия бештар барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳию варзишӣ мусоид мебошад.

Дар водии Рашт ноҳияи Сангвор бо иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ аст. Маводи итилоотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ маконҳои нотакрори минтақаро фаро гирифта, миёни дӯстдорони сайру саёҳат ба таври ройгон паҳн карда мешавад.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии водии Рашт ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд. Бо  мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар  бояд имконияту захираҳои сайёҳӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя  ва давлатҳое, ки дар бахши сайёҳӣ муваффақ гардидаанд, оқилонаю самаранок истифода шаванд.

Конфронси миллии сайёҳӣ дар  доираи ифтитоҳи хатсайри сайёҳии Душанбе-Сангвор-Лахш-Рашт-Нуробод-Душанбе  доир гардида, иштирокдорони он бо мавзеъҳои сайёҳии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва сатҳу сифати хизматрасонӣ дар инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақа шинос гардиданд. Дар интиҳои ҳамоиш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, аз номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода сипосномаҳо тақдим гардиданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»
Душанбе-Рашт-Душанбе

АКСҲО аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҶТ

Октябрь 5, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид