Дар Конибодом сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ҷараён дорад
ДУШАНБЕ 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст сохта шуда, дар он барои хонандагон шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 шаҳр шинос гардида, ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва ташкили маҳфилҳои гуногун супоришҳо дод.
Дар шаҳр 55 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди мактабҳои нав ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар доираи корҳои ободонии марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ, азнавбарқароркунии муассисаҳои таълимии садамавӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толор ва майдончаҳои варзишӣ ва ошхонаҳо барои хонандагон корҳо ба иҷро расонида шуданд.
Ҷиҳати бартараф кардани муассисаҳои садамавӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар МТМУ №7 бунёди бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст ва дар МТМУ №52 барои 240 нафар корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
Ҳамчунин сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 барои 240 нафар, дар МТМУ №32 бунёди 8 синфхона, дар МТМУ №13 5 синфхонаи иловагӣ бо ташаббуси кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷараён дошта, иншооти мазкур соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сокинон ва соҳибкорони саховатпеша дар якчанд муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, дар МТМУ №15 бунёди бинои нави таълимӣ барои 330 нафар хонанда дар як баст, МТМУ №21 барои 480 хонанда дар як баст, дар кӯдакистони №10 барои 120 кӯдак оғоз карда шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ҳамаи иншоот вазъи таълиму тарбия дар мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад.
АКС: МИҲД-и вилояти Суғд








«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Студияи наву муосир дар назди рӯзномаи «Навиди сино» ба истифода дода шуд
Дар назди мактаби №35-и деҳаи Шоразми шаҳри Ваҳдат бинои иловагии таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ду муассисаи томактабӣ ва Маркази ҷавонон ба истифода дода шуд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд






