Дар шаҳри Бохтар ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи бонувон муайян шуд

Октябрь 18, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон.

Дар ин  сабқати  ҷолиб   дастаи футболи бонувони   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар маҳорати баланд нишон дода, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва соҳиби медали тиллою Ҷоми чемпионат гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои футболи бонувони «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе  ва «Суғд»-и вилояти Суғд ишғол намуданд. Ҳамчунин баъд аз анҷоми мусобиқа дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова аз дастаи бонувони  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, нишонзани беҳтарин Лайлӣ Ҳалимова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, бозингари беҳтарин Марҷона Саидова аз дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе  ва мураббии беҳтарин Қурбонгул Қурбонова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар  дониста шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, роҳбари департаменти техникии ФФТ, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода ва дигар фаъолону меҳмонон иштирок доштанд.

 АКС аз сомонаи хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Хатлон

Октябрь 18, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд