Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ дод сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, масъулин ва намояндагони вазорату идораҳо, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, адибону фаъолон, омӯзгорон ва муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт иштирок намуданд.
Дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ нахуст меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши китобҳо дидан намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Амирхон Қурбонзода зикр намуд, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Забон ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Бояд зикр намуд, ки 10 сол муқаддам, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.
Чорабинӣ бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ ҷамъбаст гардида, устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони пойтахт бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, шеъру тарона, рақсҳои ҷаззоб ва сурудҳои тараннумкунандаи ваҳдату дӯстӣ, забону сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон хотири иштирокдорони ҳамоишро болида намуданд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»


















Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






