Дар шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ ботантана таҷлил гардид

Октябрь 5, 2021 17:37

ДУШАНБЕ, 05.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ дод сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, масъулин ва намояндагони вазорату идораҳо, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, адибону фаъолон, омӯзгорон ва муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи пойтахт иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ нахуст меҳмонону иштирокчиёни ҳамоиш аз намоиши китобҳо дидан намуданд.

Дар оғози ҳамоиш  Амирхон Қурбонзода зикр намуд, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб рафта, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад. Забон ҳамчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Бояд зикр намуд, ки 10 сол муқаддам, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.

Чорабинӣ бо барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ ҷамъбаст гардида, устодони ҳунар ва санъаткорони ҷавони пойтахт бо пешниҳоди дастагули мусиқии иборат аз савту навоҳои дилнишин, шеъру тарона, рақсҳои ҷаззоб ва сурудҳои тараннумкунандаи ваҳдату дӯстӣ, забону сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон хотири иштирокдорони ҳамоишро болида намуданд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2021 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд