Дар Суғд аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуд

Октябрь 5, 2021 12:46

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ аввалин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Дар  ҷамъомади мазкур Раиси вилоят баён дошт, ки​ бо талошу дастгириҳои доимии​ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз шароити фароҳамшуда​ дар таъмини амнияти давлату миллат ва​ ҳифзи марзу бум саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рӯҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.​ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оиди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» дар якҷоягӣ бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, нақшаи пешбинишударо ҳамеша​ пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро менамояд.


Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввали гусели даъватшавандагон 1000 нафар барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.

Дар охир барномаи консертӣ пешниҳод гардида, барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дастархони идона ороста шуд.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 5, 2021 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид