Дар Суғд Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Суғд чун водии имконот шинохта шуда, дар он 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Дар бахшҳои саноати кӯҳиву металлургӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ дастовардҳо назаррас буда, имконият барои густариши ҳамкорӣ фаровон аст. Ин матлабро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зимни баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо», ки дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилояти Суғд баргузор шуд, баён дошт, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар ҷараёни Форум иброз намуд, ки дар Тоҷикистон бо тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тарҳу лоиҳаҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъол буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ имтиёзҳо мавҷуд мебошанд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурдаву пурсамар дорад.
Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли гузашта беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз аз қаламрави вилояти Суғд ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содирот карда мешавад.
Вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба маркази гардишгариву сайёҳӣ табдил ёфта, дар он садҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои истироҳативу фароғатӣ фаъол аст.
Дар кори форум инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди ҶУ Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶУ Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Русия ва Узбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.
Дар доираи Форуми мазкур 20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.
Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






