Дар Суғд Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» доир гардид

Октябрь 19, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Суғд чун водии имконот шинохта шуда, дар он 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Дар бахшҳои саноати кӯҳиву металлургӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ дастовардҳо назаррас буда, имконият барои густариши ҳамкорӣ фаровон аст. Ин матлабро Раиси вилояти  Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз зимни баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо», ки дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилояти Суғд баргузор шуд, баён дошт, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар ҷараёни Форум иброз намуд, ки дар Тоҷикистон бо тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тарҳу лоиҳаҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъол буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ имтиёзҳо мавҷуд мебошанд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурдаву пурсамар дорад.

Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  соли гузашта беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз аз қаламрави вилояти Суғд ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти гуногун содирот карда мешавад.

Вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба маркази гардишгариву сайёҳӣ табдил ёфта, дар он садҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои истироҳативу фароғатӣ фаъол аст.

Дар кори форум инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди ҶУ Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶУ Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Русия ва Узбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Дар доираи Форуми мазкур 20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 19, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод