Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид

Октябрь 19, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди  иқтисод ва савдои кишвар дар зарфи нуҳ моҳи соли равон дар ҷаласаи  ҳайати мушовараи Вазорати руши иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ки бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони дастгоҳи марказӣ доир шуд, натиҷагирӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли равон гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод намуд. Завқӣ Завқизода ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2021 ба масъулин супоришҳо дод.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод гардида, ҳайати мушовара пиромуни масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

     Акс аз Вазорати рушд иқтисод ва савдои ҶТ

Октябрь 19, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд