ХУРСАНДИБАХШ АСТ, КИ ДУХТАРОНИ ТОҶИК НИЗ БА БОКС ШАВҚ ДОРАНД! Президенти AIBA ба рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон мусоидат мекунад

Октябрь 9, 2021 15:06

ДУШАНБЕ, 09.10.2021. /АМИТ «Ховар/. Раиси федератсияи байналмилалии бокс (AIBA) Умар Кремлёв аз шавқи духтарон дар Тоҷикистон ба варзиши бокс изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки AIBA мехоҳад боксро ба яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш дар кишвар табдил диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии бокс.

Кремлёв, ки субҳи 7 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад ва дар Душанбе қарор дорад, бо масъулини варзишии кишвар, аз ҷумла бо Раиси Федератсияи бокси Точикистон Бег Сабур ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Дилшод Назаров мулоқот намуда, дурнамои бокси тоҷик ва роҳҳои рушду густариши ин намуди варзишро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни мулоқот якчанд масъалаҳои марбут ба бокс ҳаллу фасл шуда, қарорҳои лозима қабул гардиданд. Аз ҷумла рӯзҳои наздик барои варзишгарону мураббиёни тоҷик семинар ва курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд, ки ин имкон медиҳад, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ ҳунарнамоии хуб намоянд.

Инчунин семинарҳои махсус барои доварон ҷиҳати роҳ ёфтани онҳо ба кумитаҳои AIBA ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд.

Дар мулоқот Дилшод Назаров омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои рушди бокс ва тарбияи насли нави боксчиён иброз дошта, тазаккур дод, ки бо дастгирии AIBA Тоҷикистон метавонад дар сатҳи олӣ рақобат намоянд.

Президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бег Сабур гуфт, ки барои дарёфт ва тарбияи боксчиёни ояндадори нав тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

«Мо дар шаҳраку деҳот ҷустуҷӯи истеъдодҳои навро оғоз хоҳем кард. Ҳадафи мо ҳавасманд кардани минтақаҳои бештари кишвар ба рушди бокс мебошад», — афзуд ӯ.

«AIBA мехоҳад, ки бокс яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш дар Тоҷикистон гардад. Тоҷикистон дорои варзишгарони бомаҳорат ва таърихи бойи муштзанони бузурги ҷаҳонӣ аст», — гуфт дар навбати худ Кремлёв.

Кремлёв мактаби бокси тоҷикро бузург хонд ва иброз дошт, ки муштзанони тоҷик метавонанд дар ояндаи наздик қаҳрамону ҷоизадорони ҷаҳонӣ гарданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид ба боду ҳавои Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъона дар кӯҳу доманаҳо баргузор карда шаванд.

Ҳамчунин дирӯз дар доираи сафар Кремлёв аз толору иншооти варзишӣ, аз ҷумла Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе дидан карда, бо варзишгарону мураббиён мулоқот ва тамрин намуд.

Пас аз мулоқоту тамрин ҷиҳати рушди бокс дар Тоҷикистон ӯ ба варзишгарону мураббиён миқдори зиёди лавозимоти варзиши боксро тақдим кард.


Кремлёв аз иштироки духтарон дар тамрин изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташро дар саҳифаи Фейсбукаш чунин баён доштааст: «Мо каме тамрин кардем ва дар фарҷоми он ба бачаҳо (варзишгарон, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») лавозимот аз қабили кулоҳҳову дастпӯшҳо ҳадя намудам. Хурсандибахш аст, ки дар тамрин на танҳо бачаҳо, балки духтарон низ иштирок доштанд».

Бояд тазаккур дод, ки сафари кории Раиси федератсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёв дар Тоҷикистон идома дорад.

 

 АКСҲО аз Федератсияи байналмилалии бокс

Октябрь 9, 2021 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд