Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» наворбардорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошт оид ба наворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёддошти мазкур дар доираи баргузории ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли равон дар якчанд шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, аз ҷониби роҳбарияти Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба имзо расид.
Филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» рамзи дӯстӣ ва ҳамкории синамогарони ӯзбеку тоҷик маҳсуб шуда, он дар мисоли дӯстии ду мутафаккири бузург ифодагари садсолаҳо ҳамсоягии нек доштани ду халқи ба ҳам қарин мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки ба навор гирифтани филми мазкур замоне тасмим гирифта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз 10 то 11 июни соли равон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Акс аз манбаи боз








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






