ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ миёни ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ баргузор мегардад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мешавад, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат карданд.
Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 21 | 16 | 4 | 1 | 57-7 | 52 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 21 | 13 | 3 | 5 | 43-21 | 42 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 6 | 6 | 33-26 | 36 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 22 | 9 | 5 | 8 | 24-22 | 32 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 22 | 8 | 5 | 9 | 23-27 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 8 | 3 | 11 | 29-40 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 6 | 8 | 8 | 22-26 | 26 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 15-29 | 20 |
| 9 | «Кӯктош»(Рӯдакӣ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 31-50 | 20 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 22 | 4 | 6 | 12 | 21-50 | 18 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






