ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии даври дуюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Непал оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо дастаи Непал баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Як рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид
Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зад.
Бозиҳои оянда:
Даври 2-юм
28 октябр (панҷшанбе)
16:00. Лубнон – Эрон
19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
31 октябр (якшанбе)
16:00. Лубнон – Непал
19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






