Футболбозони ҷавони тоҷик бар дастаи мунтахаби Непал ғолиб омаданд

Октябрь 29, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври дуюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни дастаҳои  мунтахаби  ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  Непал хеле ҷолиб  баргузор гардида, бо натиҷаи 6:0 ба нафъи мизбонон- дастаи мунтахаби ҷавонони  то  23-солаи  Тоҷикистон    ба анҷом расид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Шогирдони Мубин Эргашев ҳанӯз дар қисми аввали сабқат хуб   бозӣ карда, бо голҳои Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов ва  Рустам Соиров ба танаффус баромаданд. Дар даври  дуюми бозӣ футболбозони ҷавони тоҷик ба дарвозаи дастаи мунтахаби  ҷавонони Непал боз се голи дигар зада, бо натиҷаи калони  6:0 пирӯз гардиданд. Пас аз ғалаба дастаи  мунтахаби  ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз садрнишини гурӯҳи «В» гардида,  31 октябр, соати 19:00, бо дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи  Эрон    дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии сеюмашро доир мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  мунтахаби ҷавонони   Эрон    бо касби 6 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «В» ҷой гирифтааст.

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022
Гурӯҳи «В» (бозии 2-юм)
«Тоҷикистон »(U-23 ) 6:0 «Непал» (U-23)
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев 24′, Шарафҷон Солеҳов 32′, Рустам Соиров 39′, Муҳаммадалӣ Азизбоев 61′, Ваҳдат Ҳанонов 68′ (пен.),  Эмомалӣ Аҳмадҷон 72′.

26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони  Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зада буд.

 Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

28 октябр (панҷшанбе)

16:00. Лубнон – Эрон 0:2

19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН 0:6

Даври 3-юм 

31 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Непал

19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН

                                                                  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 29, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд