Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 3, 2021 10:31
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав дар доираи нақша — чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони Кооперативи истеҳсолии “Нигини Сулаймон” дар асоси талаботи муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хуштарҳи маъмурӣ 12 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.

Бинои маъмурии ҷамоати деҳот аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 1600 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва замини зери иншоот 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои кормандони ҷамоат тамоми шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ ба 9750 нафар аҳолии ин деҳот муҳайё гардидааст.

Тамоми ҳуҷраҳои бинои маъмурӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои дохил шудани ашхоси дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ба бино роҳрави алоҳида мавҷуд мебошад.

Маҷлисгоҳи бинои нави маъмурӣ бо 80 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Бинои маъмурии деҳоти Ғаффор Мирзо дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.

Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпуш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.

Ифтитоҳи бинои маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад