Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯро ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР.
Дар оғози ҷаласа муовини раиси Шӯро, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сухан гуфт.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҳамчун муовини Раиси Шӯро оид ба таҳлили омилҳое, ки ба каму зиёдшавии шумораи бемории нашъамандӣ мусоидат мекунад, ибрози назар намуд.
Ҳамчунин муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ҳамчун аъзои Шӯро оид ба баррасии мушкилоти марбут ба пешгирии нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар миёни ҷавонон суханронӣ карда, фикру пешниҳодҳои худро дар ин самт манзур намуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯро роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «АФИФ», «Спин Плюс» ва «Хонаи ҷавонон» оид ба фаъолияти ташкилоти худ, инчунин мушкилоти мавҷуда, пешгирии аввалиндараҷаи нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт сухан карда, пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Дар фарҷом масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди муҳокима қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор тавсияҳо дода шуданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшида, ҷиҳати таъсири он ба пешгирӣ ва паст намудани сатҳи нашъамандӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамкориро дар ин самт таҳким бахшанд.
Дар ин радиф оид ба фаъолитяи минбаъда нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2022 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






