Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҷавонони соли таваллуди 1994-2003-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Хушбахт Миробаров, муовини якуми Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Каримхон Бобоев, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва ҷавонону волидони онҳо иштирок намуданд.
Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр намуд, ки дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.
Хзмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёрӣ интихоб мекунанд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»















Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд






