Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид

Октябрь 1, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда  доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур  ҷавонони соли таваллуди 1994-2003-и ноҳияҳои   Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  волидайни даъватшудагон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, муовини якуми сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Хушбахт Миробаров, муовини якуми Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Каримхон Бобоев, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва ҷавонону волидони онҳо иштирок намуданд.

Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардид.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр намуд, ки  дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон  доданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати  фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

Хзмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёрӣ интихоб мекунанд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд