Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Иди Меҳргон ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Иди Меҳргон таҷлил мегардад, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилоят Суғд ба АМИТ “Ховар”.
Дар ҷашни Меҳргон деҳқонони вилояти Суғд дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон менамоянд.
Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябр дар Паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Меҳргон таъкид намуданд, «Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
АКС аз Хадамот матбуоти Раиси вилоят Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






