Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдони варзишӣ сохта ба истифода дод

Октябрь 9, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 09.10.2021. /АМИТ «Ховар/. 8 октябр бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва  истироҳати калонсолон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Майдони варзишӣ дар доираи ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода гардида, бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Майдончаи варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва истироҳати калонсолон дар ҷои хубу муносиб дар масоҳати 4500 метри мураббаъ доман густурда, фарогири 4 суҳбаткада, 1 фаввора, 10 нишасткурсӣ ва 5 даромадгоҳ мебошад. Инчунин дар масоҳати 1400 метри мураббаъ роҳҳои дохили он сафолакпӯш гардида, атроф ва дохили онҳо дар масоҳати 1344 метри мураббаъ сабзкорӣ шудааст.

Дар ҷойи бозии кӯдакон беш аз 20 намуд асбоб барои бозии хурдсолон насб гардидааст, ки баҳри фароғати онҳо равона шудааст. Дар охири майдончаи бозии футбол, волейбол ва баскетбол бо дарозии 30 метр ва паҳноии 20 метр, баҳри тамрини бадан 5 адад асбобҳои машқкунӣ гузошта шудааст, ки сокинон метавонанд баҳри қонеъ намудани талаботи худ ба варзиш аз онҳо самаранок истифода баранд ва саломатии худро нигоҳ доранд.

Инчунин, вобаста ба талаботи муосир дар майдончанизоми обёрикунии худкор бо 270 адад обпошак фаъол аст, ки ин дар нашъунамои сабзаву гул ва беш аз 130 намуд арчаи ҳамешасабзи он мусоидат мекунад. Шомгоҳон бошад, 33 сутунпояи равшанидиҳӣ, ки дар атрофи майдонча қомат афрохтаанд, шоми сокинонро равшану мунаввар карда, фаввораи дохили он ба рӯҳу равони сокинон оромиву осоиш мебахшад.

Бояд гуфт, ки дар ҷараёни корҳо дар майдончаи варзишӣ беш аз 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Ба иттилоъ масъулини ноҳияи Фирдавсӣ қаблан ин ҷо майдони валангореро мемонд, ки аз дидани он рӯҳияи мардуми ин ҳудуд хира мегардид. Ҳоло бо кӯшишу талоши аъзо ва ҷонидорони ҲХДТ ин мавзеъ ба як ҷойи ободу зебо мубаддал гардидааст, ки умедии моро ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон, Тоҷикистон ва махсусан қалби он-Душанбе бештар мегардонад.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки майдончаи варзишӣ, ҷойи бозии кӯдакон ва  истироҳати калонсолон туҳфаи идонаи ҲХДТ ба сокинони шаҳри Душанбе дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ бахшида ба  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҲХДТ варзишро яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар талош мекунад.  Ин нукта дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 зикр гардида, гувоҳи он аст, ки ҳизби мо ва аъзову ҷонибдорони он дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ дар ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ, бунёди бештари боғҳои истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳою гулгаштҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, махсусан шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт фаъолнокӣ нишон медиҳанд.

Дар фарҷом ба як зумра  фаъолон ифтихорнома ва сипосномаҳои ҲХДТ ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ намуданд.

АКСҲо аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 9, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд