Коршиноси АМИТ «Ховар» Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро кафилони амнияти Авруосиё арзёбӣ намуд

Октябрь 15, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фаронса ҳамчун кишвари пешсафи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон чун давлати калидии Осиёи Марказӣ дар симои созмони террористии «Толибон»* ва шарикони он — созмонҳои террористии «Ал-Қоида»* ва «Давлати исломӣ»* таҳдид ба амнияти Авруосиё ва арзишҳои демократии умумиҷаҳониро эҳсос карда, ба ҳокимияти террористон дар Афғонистон «не»-и қатъӣ баён доштанд. Дар ин бора коршиноси АМИТ «Ховар», доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ дар матлабе, ки дар бахши русии сомонаи www.khovar.tj нашр шуд, ибрози назар намудааст.

Мавсуф инчунин доир ба аҳамияти сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо андешаронӣ намудааст.

Р. Ҳайдаров, аз ҷумла изҳор доштааст, ки Осиёи Марказӣ ва Афғонистон соли 2021 боз ба маркази геосиёсии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Зери таъсири равандҳои харобиовар дар ҷомеаи муосири Афғонистон имрӯз дар минтақаи мо раванди навсозии меъмории геосиёсӣ ҷараён дорад, ки дар оянда ба тамоми низоми амнияти Авруосиё таъсир мерасонад. Имрӯз ба назар мерасад, ки ба ҷуз Тоҷикистону ИА, хусусан Фаронса, аксари давлатҳо дар минтақаи Авруосиё бо ҳукумати ноуҳдабарои созмони террористии «Толибон»* муросо карданианд.

Роҳбарони Фаронса ва Тоҷикистон нисбат ба ҳукмронии созмони террористии «Толибон»* дар Афғонистон мавқееро ишғол намудаанд, ки ба риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон асос ёфтааст. Мавқеи устувори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии мазҳабию сиёсӣ Р. Ҳайдаров дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон бориз арзёбӣ мекунад.

Андешаҳои пурраи коршиносро дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» мутолиа намоед.

_____________________

*Созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон