Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу мулоқот кард. Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Ҷумҳурии Туркия ба АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки «мо аз саҳм ва талошҳои муҳтарами Шумо, ҷаноби Вазир дар пешбурди ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, изҳори сипос менамоем. Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем”.
Механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки нишасти нахустини он моҳи сентябри соли 2000 барпо шуда, то имрӯз даҳ ҷаласаи он баргузор гардид.
-Воқеан мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ ба роҳ монем. Ин ба нафъи дӯстии таърихӣ ва шукуфоии беш аз пеши мардумони ду кишвари мо мебошад.
Парламенти Тоҷикистон,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- ҷиҳати густариши бештари муносибатҳою ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
То ба имрӯз зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст ба имзо расидааст.
Дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 30 санади дигар қарор дорад. Чанде санаде, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, метавонанд муносиботи моро ба сатҳи нави ҳамкорӣ бароранд. Инҳо:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ” аз 10 сентябри соли 1995;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба бекор кардани раводид.
Барои мисол бо имзои Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, боиси таъкид аст, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои мусоид фароҳаманд.
Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат (то андозае стратегӣ) бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошад. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия дар сатҳи боварибахш рушд карда, ҳукумат ва мардумони ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманданд.
АКС: МНМО ҶТ








Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ҷаласа доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия ҷаласа баргузор шуд
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд






