«Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Октябрь 20, 2021 16:17

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа», ки бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли чанд моҳ инҷониб ҷараён дошт, баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси Кумитаи андоз Каъбатулло Меликзода изҳор дошт, ки озмуни мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамзамон ҳавасманд намудану баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон роҳандозӣ карда шуд.

«Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ба ҳар фарди ҷомеа расонида шавад, ки иҷрои уҳдадории андозӣ на танҳо амали ба буҷети давлат ворид намудани маблағҳои пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ, балки бо мақсади пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду  дунявӣ мебошад»,- гуфт М. Каъбатулло ва дар идома афзуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ ҳамон вақт самараи дилхоҳ медиҳанд, ки агар ҳамаи табақаҳои аҳолиро дар бар гиранд. Дар робита ба ин кормандонои мақомоти андоз пайваста бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон корҳои тарғиботиро роҳандозӣ месозанд, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» як ҷузъи таркибии корҳои тарғиботию ташвиқотии Кумитаи андоз ба ҳисоб меравад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ — баҳои бофарҳангии ҷомеа» аз рӯи ду номина гузаронида шуд. Номинаи расми беҳтарин – зери унвони «Андоз аз нигоҳи наврасон» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва номинаи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳбикорон баргузор карда шуд.

Ба андешаи муовини раиси Кумитаи андоз Каъбатулло Меликзода, озмуни мазкур барои амиқар ва фарохтар гардидани дониши хонандагон, донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон  мусоидат намуд. Рафти озмун, алалхусус иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо ва муассисаҳои олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳикорон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дониши ҳамаи табақаҳои аҳолӣ оид ба қонунгузории андоз давра ба давра васеътар гардида, сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо баландтар шуда истодааст.

Корманди Кумитаи андоз Ҳотамбек Ҳотамов дар суҳбат бо мо гуфт, ки «тибқи низомнома, озмун дар се давр гузаронида шуд. Даврҳои якуму дуюм дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид ва дар он хонандагон роҷеъ ба мавзӯъҳои моҳияти андоз ва андозсупорӣ, зарурати пардохт намудани андозҳо ба буҷет, аҳамияти он дар ҳаёт ва рушди ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат тасвирҳо ва ангораҳо (макетҳо) пешниҳод намуданд. Даври сеюм ё ҷамъбастӣ 18-19 октябр дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ доир гардид».

Ба иттилои Ҳотамбек Ҳотамов, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар маҷмуъ 20 нафар ғолибон аз рӯи ду номина дар мақомҳои якум, дуюм ва сеюм ғолиб дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои молию пулӣ  ва диплому сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба иштирокчиёни фаъоли озмун низ туҳфаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа» аксаран донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи номинаи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ғолиб шуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода гуфт, ки «донишҷӯёни ин донишгоҳ дар ҷараёни таълим ба омӯзиши амиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси андоз машғул мешаванд ва як сабаби ғолибияти онҳо низ ҳамин мебошад». Дар суҳбат бо мо ғолиби мақоми аввал аз рӯйи номинаи «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло Ҷамолов гуфт, ки «ҳар шаҳрванд, аз ҷумла соҳибкоре, ки аз қонунгузории андоз огоҳии хуб дорад ва ҳуқуқу уҳдадории худро медонад, ҳеҷ гоҳ ба мушкилии андозӣ дучор намегардад. Ҳар мушкиле, ки имрӯзҳо роҷеъ ба масоили андоз ва дигар бахшҳо мешунавем, аз паст будани маърифати ҳуқуқии шахс дарак медиҳад».

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ- баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, шаҳрвандон ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 20, 2021 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вазорату муассисаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бошукӯҳ таҷлил гардид
Дар Рӯзи Президент Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» расман ифтитоҳ гардид
Музаффар Ашӯриён: Рӯзи Президент — рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ шахсияти сулҳофару сулҳпарвар ва сарҷамъкунандаи миллат эътироф намудаанд
Дар Хоруғ бо мақсади захира барои зимистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Пагоҳ ба шарафи Рӯзи Президент намоиш-фурӯши китобҳо доир мешавад
Бахшида ба Рӯзи Президент маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии физика дар Узбекистон соҳиби ҷойи сеюм шуданд
«30-солагии ИДМ: таҷриба ва навоварӣ». Таҳти чунин унвон дар Қасри Таврический ҷаласаи пленарӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз шуд
САМБО. Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва Табрезшоҳ Парпишоев соҳиби медалҳои чемпионати ҷаҳон шуданд