Маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд аз давраҳои омӯзишии ҳамбастагии олимпӣ баҳраманд шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 6-8 октябр дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилоти варзишии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат карданд.
Мутахассисони соҳаи варзиш ва масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми се рӯз ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла «Роҳбарии Ҳаракати олимпӣ», «Бозиҳои варзишӣ», «Дастгирии варзишгарон», «Арзишҳои олимпӣ», «Мудирияти ташкилоти варзишӣ», «Малкаҳои роҳбарӣ», «Мубориза бо допинг» ва ғайра маърӯза хонданд.
Аз ҷумла зимни муҳокимаи мавзӯи «Роҳбарии Ҳаракати олимпӣ» зикр гардид, ки ҳаракати олимпии ҷаҳонро Кумитаи байналмилалии олимпӣ идора мекунад. Дар рушди ҳаракати олимпӣ, инчунин созмонҳои қоравӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ, ки ҳамагӣ узви Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ҳастанд, инчунин федератсияҳои байналмилалӣ ва федератсияҳои миллии варзишӣ саҳм мегузоранд.
Таъкид шуд, ки Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароит барои варзишгарон муҳайё карда шуда, танҳо онҳоро зарур аст, ки пайваста тамрин кунанд ва шарафи варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазовор ҳимоя намоянд.
Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.
АКСҲО аз КМО Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






