Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса

Октябрь 13, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд.

Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳарду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта, дар макони ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Сипас сурудҳои милии ҳарду давлат садо дод. Баъди садо додани суруди миллӣ горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт.

Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.

Маросими истиқболи расмӣ дар Маҷмааи Артиши миллии Фаронса 13.10.2021

Октябрь 13, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон