Масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Украина баррасӣ гардид

Октябрь 22, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар шаҳри Лвов мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Раиси вилояти Лвови Украина Максим Козитский доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украинаро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Украина таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 22, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд