Муассисаҳои таълимии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод барқарор гардиданд
ДУШАНБЕ, 7.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар деҳаи Мазори Болои ноҳияи Тоҷикобод бинои муассисаи таълимии №18 ба истифода дода шуд. Зимни ифтитоҳи бинои муассиса намояндагони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни ифтитоҳи бинои муассиса зикр гардид, ки сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷараи муаллимон иборат мебошад. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби КВД «Таъмиру сохтмонӣ»-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Дар ин рӯз бинои муассисаи таълимии №21-и деҳаи Сумандараи ноҳияи Тоҷикобод низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, иншооти мазкур барои 144 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Саховат-2005» дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи муассисаҳои таълимии мазкур дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кӯтоҳтарин ба истифода дода шуд.
АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






