Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар деҳаи Шубини шаҳри Воронежи Федератсияи Русия ҳал гардид

Октябрь 18, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш дар баъзе аз сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук хабар дар бораи сари вақт нагирифтани маош ва шароити  бади  зисти  як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар деҳаи Шубини шаҳри Воронежи  Федератсияи Русия паҳн гардид. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, масъули Намояндагӣ  барои ҳалли ин қазия  ба шаҳри Воронеж  сафарбар гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода.

— Намояндагӣ бо корфармо ва миёнаравҳо дар тамос гардида, ҳолати мазкурро ба таври фаврӣ мавриди муҳокима қарор дод. Аз санҷиши қазияи мазкур маълум гардид, ки 22 июни соли 2021 миёнарав аз Федератсияи Русия бо номи Сергей бо маслиҳати пешакӣ бо миёнаравҳои тоҷики муқими Воронеж бо номҳои Қодир ва Раҳим ба боварии  шаҳрвандон даромада,  110 нафарро   бе мувофиқа ва огоҳонии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  барои иҷрои корҳои мавсимӣ, аз ҷумла барои ҷамъоварии олуча ва себ ҷалб кардаанд, -афзуд Каримҷон Салимзода.

Дар рафти баррасӣ маълум гардид, ки хароҷоти чиптаи сафар, омода намудани ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва иҷозатномаи фаъолияти меҳнатиро корфармо ба уҳда гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ӯ, аз маоши кории кормандон ҳар моҳ маблағи хароҷотро ихтисор намуда, ба миқдори 7000-8000 ҳазор рубл (муодил ба 1050,0 сомонӣ) ба муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт менамудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани машваратҳо бо корфармо ва миёнавравҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ  14 октябри соли 2021, соати 20:00 маблағи 1175000,0 рубл (муодил ба 176250,0 сомонӣ) ба муҳоҷирони меҳнатӣ иловатан пардохт карда шуд.

15 октябри соли 2021 кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо роҳбарияти корхонаи мазкур, миёнаравҳо масоили фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маълум гардид, ки тибқи шартномаи муҳоҷирони тоҷик бо корфармо, яъне ширкати ҶСП “Острогожсксадпитомник”, маблағи патент барои кор, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб ва ғизо аз ҷониби корфармо пардохт шуда, пас аз шурӯъ гардидани фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, корфармо маблағи сарфкардаашро аз музди меҳнати онҳо бозпас гардонидааст. Бинобар ин, корфармо 1 сентябри соли 2021 ба ҳар  нафари онҳо 10 000 рублӣ пешпардохт намудааст, ки ин амалаш боиси нофаҳмӣ ва норозигии  муҳоҷирони меҳнатӣ гаштааст. Пас аз муҳокима, корфармо тибқи нақша пардохти маоши саривақтиро аз рӯи ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба уҳда гирифт. Ҳамзамон, муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи санади қабулу супориш шиносномаҳо ва дигар санадҳои қонунии худро аз корфармо қабул намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мушкилоти пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Воронеж аз сифати кори онҳо вобаста буда, онҳое, ки сифати корашон ба меъёр ҷавобгӯ набуд, корфармо ба онҳо маоши камтар пардохт менамуд, яъне муҳоҷирони тоҷик нисбат ба дигар кормандон камтар ҳосили себ  ҷамъоварӣ менамуданд. Дар ин хоҷагӣ дар баробари тоҷикистониён муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар кишварҳои узви ИДМ низ  фаъолият доранд. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз муҳокима хоҳиши идома додани фаъолияти меҳнатиро бо ҳамин корфармо ба миён гузоштанд ва шумораи ками дигар фаъолияти меҳнатиро бо корфармо қатъ намуданд. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи  2-юми  Тверская — Ямская, бинои  40\3,  қатори  1, бинои  201, 207, 214 воқеъ гардидааст.   Дар ҳолатҳои  зарурӣ шаҳрвандони мо  метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо  телефонҳои зерин:  +7(495)967-98-44; +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии  www.tajmigration.ru. почтаи электронии  prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.

Тавре Каримҷон Салимзода иброз дошт, «агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Русия ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони мо   аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шаванд ва ё  мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор (оид ба хориҷ кардан аз ҳудуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё  миёнараве  аз пардохти музди маошашон саркашӣ кунад, ё ин ки  мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошанд,  барояшон  ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоянд. Агар  онҳо бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дар вазъияти мушкил монда бошанд, ба онҳо  дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо  кумаки машваратӣ расонида мешавад».

      АКС аз манбаи боз

Октябрь 18, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт