Нахустин «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» дар шакли мукаммалу фарогир рӯнамоӣ гардид

Октябрь 14, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик»  баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, Сармуҳарнири  рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода, Директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ, муовини Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов ва рӯзноманигорон, кормандони Китобхонаи миллӣ,  мураттибу муҳаррирони донишномаи мазкур иштирок намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр дошт, ки «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» аз ҷониби кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  мураттаб ва омода гардида, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нашр расид. Ҳангоми кори таҳия ва мураттаб сохтани донишнома маводу сарчашмаҳои марбут ба соҳаи матбуоту журналистика, ба мисли донишномаҳо, асарҳои илмию таълимии соҳа, мақолаҳо доир ба таъриху фаъолияти нашрияҳо, маълумоту иттилои ходимону сармуҳаррирони нашрияҳо, маслиҳати устодону собиқадорони матбуот, ҳамчунин махзани бузурги шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаҳои кишварҳои ҳамкору ҳамҷавор мавриди истифода қарор гирифтаанд.

«Итминони комил дорам, ки «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик», ки бо заҳматҳои зиёд рӯи чоп омадааст, барои хонандагон, махсусан рӯзноманигорон, таърихнигорон ва пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши матбуоти тоҷик машғул мешаванд, асари арзишманд хоҳад буд»,- изҳор дошт директори Китобхонаи миллӣ.

Тавре Директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Саъдӣ Маҳдӣ изҳор дошт, дар «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» номи нашрияҳое оварда шудааст, ки аксари мутахассисон ҳатто аз мавҷудияташон бехабар буданд.  Ин ифодагари он аст, ки муаллифон заҳмати  зиёд кашида, кӯшиш кардаанд, ки алоқадри имкон ягон рӯзнома фаромӯш нашавад ва ба ин муваффақ ҳам шудаанд.

«Аҳамияти дигари донишнома- ин таърихӣ будани он аст. Бояд гуфт, ки таърихи ҳар халқу миллат аз рӯзномаву маҷаллаҳояш дуруст баҳогузорӣ мешавад аз ин рӯ таърихи ҳодисаҳо аз маводи ин нашрияҳо возеҳ бармеояд. Рӯзнома мисли оинаест, ки воқеаву ҳодисоти рӯзро бо ҷузъиёташ нишон медиҳад. Дар рӯзнома чизест, ки шояд ҳангоми таълифи китоби таърихӣ аз назари таърихнигор пӯшида монад.  Аз ин рӯ маводи асливу усулӣ ва асосии таърихнигорон- ин нашрияҳои даврӣ, яъне маводи рӯзномаву маҷаллаҳо мебошанд. Дар маҷмӯъ донишномаи мазкур қисми муҳими таърихи Ватанамон низ мебошад. Нашрия нишони ҷомеаи мутамаддин ва озодихоҳ аст. Номгӯи нашрияҳо дар донишномаи мазкур нишон медиҳад, ки тоҷикон миёни дигар халқҳои Осиёи Миёна мардуми фарҳангӣ, пешрафта ва озода будаанд»,-  зикр нгамуд Саъдӣ Маҳдӣ.

Ба гуфтаи устоди факултети журналистикаи ДМТ, профессор Аъзамҷон Азимов, ҳарчанд доир ба матбуоти даврии Тоҷикистон то ин дам баъзе маълумотномаҳо таҳия ва ба табъ расонида шудаанд, ҳамчунин дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» низ дар бораи баъзе нашрияҳои даврӣ метавон маълумот пайдо кард. Аммо маълумоти ин китобҳо кӯтоҳ ва нисбатан сатҳӣ буда, дар доманаи зикри унвони нашрия, соли чоп ва баъзан тағйири ном кардани он маҳдуд шудааст. «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик», ки дар такя ба ин маълумотномаҳо ва омӯзишҳои бевоситаи ҳайати эҷодии он таҳия гардидааст, аз нигоҳи фарогирии анвои гуногуни нашрияҳои даврӣ нисбатан пурратар аст.

Ба андешаи Аъзамҷон Азимов, мураттибони донишнома заҳмати зиёд кашида, доир ба 542 нашрияи даврии гуногунавъ маълумот гирд овардаанд. Дар он хонанда ҳам дар бораи нашрияҳои ба ҳукми таърих рафта, ҳам нашрияҳои дар интишор буда, новобаста ба навъ ва таъйиноташон маълумот пайдо карда метавонад.

«Воқеан таҳияи чунин донишнома заҳмати зиёд талаб менамояд, зеро дар он на назари субъективӣ, балки арқому омори дақиқ ва маълумоти воқеӣ муҳим аст», — гуфт прфессор Аъзамҷон Азимов.

Яке аз муаллифон ва мураттибони «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» Муҳаммадиқбол Атозода афзуд, ки дар рафти омодасозии маълумоти энсиклопедӣ дар бораи оғози нашр ё таъсису табдили ном кардани баъзе  нашрияҳо дуфикрӣ ё духӯрагӣ ба миён омад,  яъне ин масъала дар манбаъҳо на бо моҳу сол ё санаи аниқ, балки бо маълумоти гуногун зикр ёфтааст. «Бо мақсади дурусту саҳеҳ омода кардани маълумот ҳайати корӣ бо адибону рӯзноманигорон, муассисону сардабирон ва дигар кормандони нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд. Ҳадафи мо нобаробариву норӯшаниҳоро бартараф карда, маълумоти нашрияҳоро дурусту дақиқ сохтан буд, то «Донишномаи матбуоти даврии тоҷик» на як маълумоти такрорӣ, балки манбаи боэътимоду бунёдӣ бошад»,- гуфт М. Атозода.

Бояд гуфт,  муаллифон ва мураттибони “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” шоир ва рӯзноманигори марҳум Валиҷон Баёнӣ ва Муҳаммадиқбол Атозода мебошанд, ки ҳарду кормандони шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ буданд. Донишнома бо муқоваи ранга дар ҳаҷми 500 саҳифа рӯйи чоп омадааст. Дар баробари маълумот роҷеъ ба нашрия ҳамзамон аксҳои онҳо бо далелу мадрак оварда шудааст.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад