Намояндаи расмии ВКХ ФР: Русия дар сурати бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои қатъитарин меандешад
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бодиққат назорат мекунад ва омода аст дар сурати шиддат гирифтани вазъ тадбирҳои қатъӣ андешад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 7 октябр зимни брифинг директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар кард.
«Агар зарур шавад, тадбирҳои қатъитарин тибқи принсипҳои иттифоқчигӣ ва шарикии стратегии Русияву Тоҷикистон, ки роҳбарияти Русия борҳо дар бораи он гуфта буд, андешида мешаванд»,-гуфт ӯ.
«Вазъият дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи дақиқи мо қарор дорад, идома дод дипломат. — Москва ва Душанбе алоқаҳои пурсамар доранд, алалхусус дар самти мақомоти мудофиа, хадамоти сарҳадӣ ва албатта, намояндагиҳои дипломатӣ. Мо ҳамкориро дар самти тақвияти қобилияти ҷангии Тоҷикистон ва хадамоти сарҳадии он бо назардошти тамоми ниёзҳои фаврӣ идома медиҳем. Пойгоҳи низомии 201 -уми Русия бо ҳама чизҳои зарурӣ барои расонидани кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар сурати шиддат гирифтани вазъ муҷаҳҳаз аст».
«Мо пайваста тамосҳои худро бо ҳаракати «Толибон» идома медиҳем, то идеяи таъсиси ҳукумати фарогиреро дар Афғонистон, ки манфиатҳои ҳама қувваҳои этносиёсӣ ва мазҳабии кишварро инъикос кунад, пеш барем, инчунин сиёсати масъулиятнок ва мутамаддинро нисбат ба бозингарони беруна ва, албатта, аҳолии осоиштаи ин кишвар ба роҳ монем»,-таъкид кард Захарова.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 7 октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари давлати Русия Владимир Путин дар тамоси телефонӣ масъалаҳои амнияти минтақаро бо таваҷҷуҳ ба афзоиши вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуданд. «Пешвои миллат фаъолияти пурсамари Владимир Путинро ҳамчун Президенти Федератсияи Русия ва саҳми бузурги ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсусан зикр кардаанд»,-омадааст дар хабар.
__________________________________
* Гурӯҳи террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ
АКС аз манбаъҳои боз








ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад






