Намояндаи расмии ВКХ ФР: Русия дар сурати бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои қатъитарин меандешад

Октябрь 8, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бодиққат назорат мекунад ва омода аст дар сурати шиддат гирифтани вазъ тадбирҳои қатъӣ андешад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 7 октябр зимни брифинг директори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар кард.

«Агар зарур шавад, тадбирҳои қатъитарин тибқи принсипҳои иттифоқчигӣ ва шарикии стратегии Русияву Тоҷикистон, ки роҳбарияти Русия борҳо дар бораи он гуфта буд, андешида мешаванд»,-гуфт ӯ.

«Вазъият дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи дақиқи мо қарор дорад, идома дод дипломат. — Москва ва Душанбе алоқаҳои пурсамар доранд, алалхусус дар самти мақомоти мудофиа, хадамоти сарҳадӣ ва албатта, намояндагиҳои дипломатӣ. Мо ҳамкориро дар самти тақвияти қобилияти ҷангии Тоҷикистон ва хадамоти сарҳадии он бо назардошти тамоми ниёзҳои фаврӣ идома медиҳем. Пойгоҳи низомии 201 -уми Русия бо ҳама чизҳои зарурӣ барои расонидани кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар сурати шиддат гирифтани вазъ муҷаҳҳаз аст».

«Мо пайваста тамосҳои худро бо ҳаракати «Толибон» идома  медиҳем, то идеяи таъсиси ҳукумати фарогиреро дар Афғонистон, ки манфиатҳои ҳама қувваҳои этносиёсӣ ва мазҳабии кишварро инъикос кунад, пеш барем, инчунин сиёсати масъулиятнок ва мутамаддинро нисбат ба бозингарони беруна ва, албатта, аҳолии осоиштаи ин кишвар ба роҳ монем»,-таъкид кард Захарова.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 7 октябр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Сарвари давлати Русия Владимир Путин дар тамоси телефонӣ масъалаҳои амнияти минтақаро бо таваҷҷуҳ ба афзоиши вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти  Президенти Тоҷикистон  хабар дод.

Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки   Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик  намуданд. «Пешвои миллат фаъолияти пурсамари Владимир Путинро ҳамчун Президенти Федератсияи Русия ва саҳми бузурги ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия махсусан зикр  кардаанд»,-омадааст дар хабар.

__________________________________

* Гурӯҳи террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ 

                                                  АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 8, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»