ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯйии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бориши борон дар ҷумҳурӣ то 22 октябр идома меёбад. Дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ борон борида, дар қаторкӯҳҳо бориши борон ва баъдан ба барфи тар гузаштани он дар назар аст. Дар ин рӯз пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон ҳарорат аз 23+28 дараҷа ба 12+17 дараҷа мерасад. Дар қаторкӯҳҳо ҳаво 3+8 дараҷа гарм мешавад.
22 октябр дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши шиддатнок дар назар дошта шудааст. Шиддати шамол дар вилояти Суғд пешгӯӣ шуда, то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
22 октябр дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши борон ва барфи шиддатнок дар назар аст. Дар водиҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар охири рӯз пастшавии ҳаво дар назар буда, то 0-5 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Охири рӯз сардшавии ҳаво дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво шабона 4+6 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
23 октябр дар ҷумҳурӣ борон қатъ гардида, ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад. То 25 октябр ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гарм мешавад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






