ҲОДИСА. Дарафтодани паланги тездандон ба гову гӯсфандон дар Бадахшон
ДУШАНБЕ, 21.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Ин ҳодиса аз афсонаву филмҳои гузашта набуда, балки дирӯз, 20 октябр, воқеан дар як деҳаи дурдасти Бадахшон рух додаст. Як бабр (паланг) аз кӯҳ ба деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим поин шуда, дар оғили як сокини ин деҳа 31 сар чорвои хурдро дарондаву ду сари он ва ду сар чорвои калони шохдорро захмӣ кардааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлаи бабр ба моли мардум дар ин минтақа бори аввал нест. Як сол пеш, 10-11 октябри соли 2020 низ як бабри барфӣ ба хоҷагиҳои ноҳияи Рӯшон ҳамла оварда, 12 сар чорвои хурди сокинони деҳаи Хичези ҷамоати Бартанги ноҳия Саодатқадам Таваккалов ва Давлатшоҳ Дастамбӯевро ба ҳалокат расонда буд. Сипас ин бабри барфӣ боздошт шуд, муддате онро нигаҳбонӣ карданд ва баъдан ба кӯҳҳои ноҳияи Мурғоб бурда сар доданд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, бабри барфӣ ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудааст ва шикору нобудсозии он манъ аст. Ин ҳайвон аз гунаи дар ҳоли нестшавӣ буда, давлат барои ҳимояи насли он тадбирҳо меандешад. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, 70 фоизи паҳншавии бабри барфӣ ба ҳудуди Бадахшон ва Помир рост меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба хотири ҳимояи молу чорво ва одамон аз бабри барфӣ чанд тавсияи кутоҳро пешниҳод намуд:
– набояд ҳайвоноти хонагӣ беназорат бимонанд. Чорвочаронӣ бояд дар ҳавои рӯшан, на торику туман ва на шабона сурат гирад. Ҳамеша чӯпон бо моли худ гардад ва ин чӯпон бояд ҳатман бо василаҳои ҳимоя ва мубориза бо ҳайвонҳои ваҳшӣ мусаллаҳ бошад. Шабона молҳо бояд дар макони амн ва боэътимод нигоҳбонӣ карда шаванд;
– фермаҳо, гӯсфандхонаҳо, молхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ҷойгиранд, бояд бо девори баландиаш на камтар аз 2,5 метр иҳота шуда бошад. Садди сохташуда бояд гӯсфандону говонро аз ҳар гуна ҳамлаҳои ногаҳонии дарандаҳо ҳифозат карда тавонад. Бояд ба чарогоҳҳои тобистона диққати бештар дод ва онҳо низ бояд ҳатман гирдогирд девор гиронда шудаву шабона ҳифозат карда шаванд. Тавсия дода мешавад, ки аз усулу равишҳои тарсонидани бабрҳо истифода кунанд;
– ҳамаи ҷасадҳои ҳайвоноти мурда бояд сӯзондаву нобуд карда шаванд;
– дар кулбаи шикорчиён, дар бошгоҳҳои тобистонии чорво бояд ҳатман сагҳои хонагиву чӯпонӣ вуҷуд дошта бошанд. Дар ин ҳол сагон низ бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии бабрҳо ҳифозат шаванд. Аз ин рӯ бояд барои сагон паногоҳе сохт, масалан гузаргоҳи танг, сагхонаи муваққатӣ, ки барои бабр дастрас набошад.
Илова бар ин, ҳудудҳои хонаву ҳавлиҳои сокинони он деҳаҳое, ки дар макони зисти бабрҳо, бахусус он хонаводаҳое, ки дар канори ин гуна рустоҳо ҳаёт ба сар мебаранд, деворҳои на пасттар аз 2,5 метр дошта бошанд.
София ШОИКОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






